Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз "Русия Ал-Явм", шабакаи 13-и телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки танишҳои рӯзафзун байни Тел-Авив ва Қоҳира бар ояндаи тавофуқномаи сулҳи имзошуда миёни ду тараф соя афкандааст.
Дар ин гузориш омадааст, тавофуқи сулҳи мазкур барои нахустин бор тӯли 46 соли гузашта бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Тел-Авив бо нигаронӣ гузоришҳои мунташиршуда дар хусуси мустақар шудани низомиёни Миср наздики марзҳои Навори Ғаззаро назорат мекунад.
Шабакаи саҳюнистии "Кон" низ гузориш дод, ки Тел-Авив аз Амрико хоста барои баррасии моҳияти таҳаррукоти низомии Миср ва ҳаҷми ин таҳаррукот дар саҳрои Сино вориди амал шавад.
Як масъули саҳюнистии баландпоя низ гуфт, ки ин ҳаҷми таҳаррукоти низомӣ нигарониҳои роҳбурдии режими саҳюнистиро барангехтааст.
Your Comment